ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
Ҳамдиёрони азиз!
Инак дар кишвари хуршедии мо Наврӯзи хуҷастапайк фаро мерасад, ки онро натанҳо дар саросари кишвари мо балки сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун соли нави аҷдодии мардумони куҳанбунёди Машриқзамин таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин ҷашни мубораки миллӣ Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостониро самимона табрику муборакбод гуфта, барои яко яки шумо хушбахтиву саодатмандӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву комёбии рӯзгор, муваффақияту музафариятҳои беназир ва дастархони фаровон аз неъматҳо орзумандам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияти таҷлили ин ҷашми фархундаи ниёгонамон таъкид карданд, ки «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то ба имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хосса мебахшад. Чунонки аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бармеояд, пайдоиши Наврӯз ба замони Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста, пешонии сол ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоя мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат қайд кардаанд; «Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст».
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мову Шумо баҳори сивуякуми давлатдории мустақилона ва ҷашни бузурги аҷдодии хеш – Наврӯзро бо ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар ҷашн гирифта истодаем ва бояд дар хотир дошта бошем, ки маҳз бо туфайли Истиқлолияти комили давлатии мамлакатамон имкон пайдо кардем, ки ҷашнҳои бостонии ниёгонамонро дубора эҳё намуда, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем.
Ҳоло Наврӯзро дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Албания, Македония, ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, чанд манотиқи Федератсияи Россия бахусус Ҷумҳуриҳои Доғистон, Тотористон, Бошқирдистон ҷашн мегиранд. Сарвари давлати Тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки; «Вақте, ки табиат зинда мешавад, замин пироҳани сабзро ба бар мекунад, тамоми олам соҳиби қувваи зинда мегардад, бо суханҳои дигар: нурҳои гарми ҷонбахши офтоб ҳиссиёти муҳаббатро ба ҳаракат меоранд, тамоми мавҷудоти зинда дар рӯи замин ҳаёти навро оғоз мекунад, маҳз ҳамин дам соли Нав, иди Наврӯз ибтидо меёбад”.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани наврӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши зиёде намудаанд, ки дар натиҷа бо ташаббусҳои фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари давлати тоҷикон 23 –юми феврали соли 2010, дар иҷлоссияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯз мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният дониста шуд ва санаи 21 март «Рузи Байналмиллалии Наврӯз» эълон гардид. Ин зуҳурот дастоварди арзишманду бузурги Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои ҳавзаи Наврӯз буд, ки дар натиҷаи талошҳои муштарак ва пайгириҳои бисёрсола ба даст омадааст.
Инак баҳори дувоздаҳумин аст, ки ҷаҳони муттамаддин дар қатори дигар ҷашну маросимҳои нарвӯзи байналмиллалиро низ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Бояд зикр намуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз замина, сабаб, омил ва хусусиятҳои худро доша, яке аз омилҳои ҷашни Наврӯз ин аст, ки дар тӯли асрҳо дар баробари мусоидат кардан ва ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ, ҳамчунин, ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат карда аст. Дигар суннати бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси худро тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок нигоҳ дошта, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду пурмеҳр оғӯш мегифтанд. Сеюмин ҳикмати ҷашни наврӯз ин аст, ки бо омад-омади он кишоварзон ба замин донаи умед кишта,, хуршеди пурҳарораташ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалби инсоният эҳсоси накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва инчунин руҳияи созандагиро бедор менамояд.
Хусусияти дигари ҷашни Наврӯз ин аст, ки ин санаи хуҷастапайкро ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа, корхона, ташкилот, муассиса, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ умуман ҳама субъектҳои хоҷагидорӣ сарфи назар аз шакли моликият, бо шукургузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо дастовезҳои арзанадаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии табақаҳои камбизоату ниёзманди аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ тасмим гирифт, ки дар ин рӯзи хуҷаста, бо дастгирии тавонмандону иззатмандон ва соҳибкорони саховатпешаи шаҳру деҳот, туйи домодию арӯсии 35 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 200 кӯдакро аз табақаҳои болозикр баргузор намояд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо соҳибҷашнҳоро ба ин рӯзи муборакашон табрику муборакбод намуда, ба навхонадорон аз даргоҳи илоҳӣ бахту иқболи сафед хоҳонем ва умедворем, ки ин ҷуфтҳои хушбахт дар оянда аз оилаҳои намунавии ҳамин ҷомеа бошанд. Ҳамчунин, ба тифлаконе, ки тӯйи суннатӣ доранд, тансиҳативу умри дароз орзу намуда, хоҳони онем, ки дар оянда чун ҷавонмардони содиқ дар хизмати халқу Ватани худ бошанд.
Дар охир Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Кӯлоб ва Тоҷикистони азиз табрик гуфта, ба шумо бахту саодат ва хайру баракат дар зиндагиро таманно дорам. Бигзор сулҳу ваҳдати миллии мо ҷовидонӣ гардида, фарзандони фарзонаи Тоҷикистон муаррифгари халқу Ватани мо дар арсаи олам бошанд.
Ҷашни Наврӯз ҳумоюн бод, дӯстони азиз!

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP