ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БА РӮЗИ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА
Ҳамасола 14 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо кормандони мақомоти Прокуратураро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, дар кору зиндагиатон сарфарозию хушбахтӣ, иқболи баланд ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура иброз дошта буданд: «Мақомоти Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст».
Дар воқеъ кормандони ин ниҳод ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, назорати ҳамешагии қонунҳо, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ баҳри рушду нумӯи ҷомеа ҳамеша саҳмгузорӣ менамоянд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақомоти Прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дассисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ печида, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буд. Дар чунин вазъ масъулияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратура баланд гардида, кормандони соҳа аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои бадушдошта сарбаландона баромада тавонистанд.
Махсусан, баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзанди фарзонаи халқ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият марҳила ба марҳила ором ва низоми идораи давлат пойдор гардид. Бо мустаҳкам шудани пояҳои давлатдорӣ ва беҳтар шудани вазъи сиёсию иҷтимоӣ таҳти ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ҷиҳати беҳтар гардидани фаъолият ва баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти Прокуратура заминаҳои устувор гузошта шуданд.
Дар маҷмуъ, саҳифаҳои таърих бозгӯи он аст, ки роҳи тайкардаи мақомоти Прокуратура дар даврони истиқлолият роҳи пурифтихор ва бошарафона аст.
Боварии комил дорам, ки кормандони Прокуратура дар мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда, вазифаҳои пурмасъулияти хешро вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо дили соф иҷро намуда, минбаъд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи кормандони Прокуратураро ба муносибати фарорасии иди касбӣ табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, саломативу хонаободӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура муборак!