ПАЁМИ ТАБРИКИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ
НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Модарону хоҳарони азиз!
Бо назардошти он, ки дар остонаи иди бонувон «Рузи модар» қарор дорем, Шумо модарони азизро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, рузгори пурсаодат, хонаи ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманнодорам.
Ҳамагон дар хотир дорем, ки иди занон чанд сол пеш ҳамчунон иди байналмиллалӣ рузи 8-март ҷашн гирифта мешуд. Аммо бо чунин шакл, яъне «байналмиллалӣ» ҷашн гирифтани он собиқаи ҳамагӣ садсола дошт. Аҷдодони пуршарафи тоҷикон бошанд барои ба ҷо овардани эҳтироми модаронашон аз қадимуалаём ҷашни хосаи худро доштанд. Замони соҳибистиқлоли имкон дод, ки мардуми тоҷик ба асли хеш баргардад ва бо назардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2009 пешниҳод карданд, ки «Иди модаронро бо асолати азалиаш барпо кунем, арвоҳи гузаштагони худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун миллати соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад». Аз ҳамон вақт ин ҷониб ин ид дар саросари кишвар бо номи «Рузи модар» бо шукуҳи шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Мусаллам аст, ки иди бонувон баробари огози эҳёи табиат – фасли баҳори фархундапай фаро расида, мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, дар маҷмуъ ба корҳои ободониву созандагӣ баҳри фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сипосгузорӣ ва қадршиносии ҳамешагии бонувон таъкид кардаанд, ки «сиришти занону модарони руйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарону ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин ру мо ин рузи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рузгор ниҳоят бузург мебошад».
Сарвари давлати тоҷикон ҳамчунин гуфтаанд, ки «зан модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст».
Рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, руҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва дигар бузургиҳои зан-модар аз ҷониби бузургони гузаштаву имрузаи мо ситоиш шудаанд ва хоҳанд шуд. Зеро зан модар аст, зан хоҳар аст, зан офарандаи авлоди башар аст.
Ҷойи дигар бузурге фармудааст: «Заҳмати якшаба кашидаи модарро на дар он ва на дар ин дунё бо ягон мизон наметавон баркашид».
Хушбахтона занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд, бо поктинативу инсондустӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар ободии сарзамини аҷдодиамон низ саҳми босазо доранд.
Дар навбати худ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи солҳои соҳибистиқолии давлат ба хотири таҳкими мақому манзалати зан ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии ӯ тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида истодаанд. Аз ҷумла дар ин давра як силсила асноди ҳуқуқӣ, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва накши зан, Барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд.
Қабули ин санадҳо имконият додаанд, ки имрӯз занони Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мақомоти роҳбарикунандаи кишвар-шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунгузор ва иҷроия, ҳокимияти судӣ, инчунин кули сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми арзандаи худро гузоранд. Минҷумла 40 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кулобро занон ташкил медиҳанд. Роҳбарони аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот занон мебошанд. Дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, тандурустӣ, саноат, нақлиёт, авиатсия, савдо, кишоварзӣ низ ҳазорон занони муваффақи шаҳр кору фаъолият доранд.
Бори дигар ҳамагонро бо иди зебои «Рузи модар» самимона табрик гуфта хоҳони онам, ки Тоҷикистон доимо шукуфон, чеҳраҳои Шумо ҳамеша хандон бошанд ва ҳар орзуву омоле дар дил доред ҷомаи амал пушанд.
Ҷашн муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!