4 марти соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбозода Ҳилолбӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, занону модарон ва дигар шахсони расмӣ доир шуд.


ruzi modar1

Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳангии шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба санъату ҳунари волои занону бонувони Кӯлобшари бостонӣ баҳои баланд доданд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз дастоварду комёбиҳои тамоми бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард: “Рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва дигар бузургиҳои зан-модар аз ҷониби бузургони гузаштаву имрӯзаи мо ситоиш шудаанд ва хоҳанд шуд. Зеро зан, модар аст, зан хоҳар аст, зан офарандаи авлоди башарият аст”.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сипосгузорӣ ва қадршиносии ҳамешагии бонувон таъкид кардаанд, ки сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарону ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, мо ин рузи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хосса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рузгор ниҳоят бузург мебошад, - таъкид дошт Бахтиёр Назарзода.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор доштанд, ки меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

ruzi modar2

Сипас, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбозода Ҳилолбӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, ки дар доираи нақша - чорабиниҳои Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда буданд, бо баромадҳои пурмуҳтавои худ атрофи ташаббусу дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбати занону модар, саҳми бонувон дар пешрафту шукуфоии ҷумҳурб ва шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ баромад карданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадори меҳнат, занону бонувони фаъоли шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб, меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, бо иштироки санъаткорони маъруфи кишвар ва аҳли фарҳангу санъати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии бонувон баргузор гардид.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP