Имрӯз, 9 марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло, собиқадорони матбуот ва инчунин рӯзноманигороне, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.
Сараввал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. 110 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мегардад.
- Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст, - гуфт Б. Назарзода. - Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз он ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд, - таъкид намуданд раиси шаҳр.
Дар идома раиси шаҳр зикр доштанд, ки имрӯз саҳми арзандаи рӯзноманигорон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа калон аст ва онҳо дар ҳама давру замон ҳамдаму ҳамнафаси халқ буданд, ҳастанд ва дар оянда низ манфиатҳои ҷомеаро дар мадди аввал мегузоранд.
- Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд, - зикр доштанд, раиси ИЖТ Исмоилзода Зиннатулло.
Инчунин, дар чорабинӣ собиқадорони матбуот, шоир Ҳақназар Ғоиб, Бозорзода Сафаралӣ, директори телевизиони "Кӯлоб" ва Ҷаҳонгири Рустамшо, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба роҳҳои тай намудаи матбуоти тоҷик маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб