3 марти соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар доираи таҷлили Рӯзи модар ба аёдати 13 нафар занони собиқадори шаҳр рафтанд.

ayodati taboruk1

Сараввал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Нозимова Райҳонбӣ, ки истиқомоткунандаи деҳаи Ёхсучиёни Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб мебошад, ташриф оварданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ин момои таборрукро ба муносибати Рӯзи модар ва ба синни мубораки 107-солагӣ расидан, табрику таҳният гуфта, ба ӯ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд. Мавриди зирк аст, ки Нозимова Райҳонбӣ солҳои тӯлонӣ умри хешро сарфи корӣ деҳқонӣ намуда, саҳмашро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон гузоштааст.

ayodati taboruk2
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб собиқадори меҳнат Шаҳзода Мирзоеваро аёдат намуда, аз ҳолу рӯзгораш пурсон шуданд. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Ҳоло ин момои таборрук дар синни мубораки 102-солагӣ қарор дорад.
Дар идома, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба аёдати Гулизор Тоҳирова, сокини шаҳр Кӯлоб рафта, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Гуфта шуд, ки саҳми бонувон ва модарони Кӯлобшаҳр дар пешрафту нумуи соҳаҳои гуногун назаррас мебошад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр меҳнату заҳматҳои Гулизор Тоирова нек арзёбӣ намуда, ба ӯ Сипоснома ва туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб ба аёдати собиқадори меҳнат Саидова Эронбӣ, Маҷидова Исқолбӣ ва чанде дигар рафта, аз кору рӯзгорашон пурсон гардида, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

ayodati taboruk2

ayodati taboruk2

Далер Шарифов шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP