27 феврали соли равон дар доираи муносибатҳоии дуҷонибаи дӯстӣ роҳбарияти вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ дар ҳайати 30 нафар намояндагон ва соҳибкорон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбарият ва фаъолони шаҳр дар даромадгоҳ бо нону намак, мусиқӣ ва гулу гулдаста самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст, меҳмонон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафакири бузург боздид ба амал оварданд.
Дар идомаи сафар, меҳмонон аз намоишгоҳи корхонаҳои шаҳр дидан намуданд. Ҳамчунин, меҳмонон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ “Ваҳдат-текстайл”-и шаҳр шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи филиали ҶДММ “Ваҳдат- Текстайл” санаи 5 октябри соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки коргоҳи мазкур дар як сол зиёда аз 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол менамояд.
Баъдан, бо ҳузури меҳмонон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо роҳбарияти вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ бобати рушди саноат, соҳибкорӣ ва дигар имкониятҳои васеи ҳамкориҳои самарабахш вохӯрии судманд анҷом доданд.
Сипас, ба меҳмонон муаррифии лоиҳаи Минтақаи озоди иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб доир шуд. Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳо дар самти рушди иқтисоду саноат беҳтар хоҳад гардид. Ҳамин тавр вохӯрӣ дар як фазои хубу муносиб ҳусни анҷом ёфт.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб