1 марти соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулини ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

hadaf2

Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ гардиии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарию коргузориро боз ҳам ҷоннок созем, то ба рушду пешрафт ноил шавем.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025 вазифаҳои мушаххас гузошта, нақша-чорабиниҳо таҳрезӣ намоем ва баҳри амалигардии бандҳои он сарвақт чораандешӣ карда шавад.

hadaf3
Ҳамчунин, дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб Холмурод Ибрагимов оид ба рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, Амирҷон Гулмадов, сармутахассис, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешниҳоди мақомоти Прократура оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо шунида шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа ҷиҳати пурра бартараф намудани савдои сарироҳӣ дар назди бозорҳо, ислоҳ намудани камбудиҳо дар соҳаи маориф, рафти корҳои сохтмонӣ, иҷроиши нақшаи андозҳои маҳаллӣ ба масъулин супоришҳо мушаххас дода шуд.

hadaf4

Дар охири кори ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтини “Иди модарон”, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоату деҳот ва ободу зебо намудани назди ташкилоту муассисаҳо, ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ дар арафаи ҷашнҳои дар пеш истода тавсиаву маслиҳатҳои муфид додаанд.
Гуфта шуд, ки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифта, дар рушду пешрафти шаҳри азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

hadaf5

hadaf6 

hadaf7

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP