25 феврали соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти "Зарбдор"-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаҳо, кумитаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои хизматрасонӣ иштирок доштанд.

 rais bo sokinon3

 

Сараввал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр аз вазъи соҳаи кишоварзии ҷамоати мазкур дидан намуда, ба як қатор фаъолони Ҷамоати деҳоти "Зарбдор" барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Зимни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд, ки мақсад аз вохӯрӣ, ин пеш аз ҳама баҳри амалӣ гаштани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз ҳаёту фаъолият ва рӯзгори сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ Шарипов Иззатулло раиси Ҷамоати деҳоти "Зарбдор" оид ба ҳолати иқтисодӣ – иҷтимоии ҷамоат муфассал гузориш доданд. Ҳамчунин, масъулони Раёсати молия, сардори шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Шабакаҳои барқ ва намояндагони соҳаи тандурустиии шаҳри Кӯлоб доир ба раванди фаъолият дар ҳудуди ҷамоату деҳот бо маърӯзаҳои таҳлилии хеш баромад намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба сокинони Ҷамоати деҳоти "Зарбдор" баҳри рушду пешрафти кор, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб маслиҳатҳои муфиду созанда дода шуд ва гуфта шуд, ки пайи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба кор кард, то зиндагии шоиставу арзанда насиб гардад.

rais bo sokinon2

rais bo sokinon3

rais bo sokinon3

rais bo sokinon6

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP