Як нишонаи шаҳр фаъол будани чароғаки роҳнамост. Инак баъди гузашти солҳои тулони бо ташабуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар чороҳаи кӯчаи Имоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар ва маҳалаи Корези поёни шаҳр (Чорсӯи Коператор) чароғаки роҳнамо аз нав фаъол карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан низ бо мақсади пешгирӣ аз хавфу хатари ҳодисаҳои нақлиётӣ ва чораҳои танзимшаванда дар роҳ ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар чорроҳои маҳаллаи Исмоили Сомонӣ назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чароғаки роҳнамо насб карда шуда буд.
тавре сокинони шаҳри Кӯлоб иброз медоранд, солиёни зиёд буд, ки бинобар набудани чароғаки роҳнамо дар чорсӯи кӯчаи Имоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар ва маҳалаи Корези поёни шаҳр садамаҳои нохуши нақлиёти рух медод. Аз сӯи дигар, сокинони ин маҳҳала ва дигар роҳгузарон, ба хусус, толибилмону донишҷӯён зимни гузаштан роҳи мошингард изҳори нигаронӣ мекарданд.
Ҳамакнун, мардуми шаҳри Кӯлоб аз ин иқдомҳои навбатии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб изҳори сипосгузорӣ дошта, саҳмгузорӣ дар ободиву сарсабзии шаҳри худро вазифаи ҳар як сокини он мешуморанд.
Тибқи иттилоъ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим доранд, ки чунин чораҳои равшаннамоиву насби чароғакҳоро дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр амалӣ намоянд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб