Таҳти ин унвон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади тақвият бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ ва баррасии мақсадҳои лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” вохӯрии намояндагони ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.

sil2
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб Бобохон Абдураҳмонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед, раиси Анҷумани миллии сил, раиси Анҷумани ҷаҳонии сил дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Нозияи Кароматулло, сафири пешгирии сил, овозхон, Муқимҷон Абдуфаттоев, сафири пешгирии сил, ҳаҷвнигор ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу аз ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ намуд. Баъдан, намояндагони Асотсиатсияи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани пешгирӣ, дарёфт, табобати сил ва нигоҳубини беморон андешаҳои худро иброз дошта, зикр гардид, ки ҷонибҳо бо мақсади дар сатҳи беҳтару хубтар амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ҳамкориҳоро дар ин самт густариш хоҳанд дод.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи Эъломияи сиёсии вохӯрии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи бемории сил, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидааст, рӯи кор омадааст.

sil3

sil3

sil3

sil3

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP