Имрӯз бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Баъди истиқболи гарму самимии меҳмонон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, иштирокчиёни чорабинӣ бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи ҳомиёни Ватан назди Лавҳаи ёдгории шаҳидони Ватан гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро бо сухани муқаддимавӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ намуда, афсарону сарбозон ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун артиши воҳид ҳамагӣ якуним сол баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар давраи мураккаби таърихи кишвар таъсис ёфта буд. Артиши миллии мо дар фарқият аз дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бе доштани оддитарин заминаҳои моддиву техникӣ арзи вуҷуд кард. Маҳз бо шарофати ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард.
Зикр гардид, ки имрӯз ба туфайли ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кутоҳи таърихӣ Артише созмон дода шуд, ки қобилияти ҳифзи Ватанро доро мебошад.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин, Қиёмиддин Миралиён, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сарбозону афсаронро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки ҷиҳати ҳифзи марзу буми кишвар ҳар нафари мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳушёру зирак бошем. Зеро ин кишвари Истиқлоли Тоҷикистон, ки насиби мо гардидааст, мероси аҷдодони мост, ки барои расидан ба ин саодати беназир садсолаҳои мубориза бурдаанд. Мавсуф аз ҷавонони кишвар даъват ба амал овард, ки хизмат ба Ватанро мояи ифтихору сарфарозӣ дониста, баҳри адо намудани ин қарзи муқаддаси худ ҳамеша омода бошанд. Сипас, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии Созандагони Ватан Оятуллоҳ Аҳмадзода суханрнӣ намуда, аз ташаббусҳои ташкилоти мазкур ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизматии ҳарбӣ ибрози андеша намуд. Ҳамчунин, дар маросими имрӯза Аскар Демпанаев собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва модари даъватшаванда Хосият Сабурова ва дигарон оиди дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат, ба хусус, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати беҳтар намудани шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳи кишварро қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулони Қушунҳои хушкигарди Қуввваҳои мусаллаҳи Ҷ.Т. барои таваҷҷуҳи ба шароити хизматчиёни ҳарбӣ ва саҳми арзанда дар чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр бо медали 25-солагии Қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва КИ ҲХДТ ба сарбозону афсарони қисми ҳарбии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҳамчунин, дар ин лаҳзаҳои хотирмон ба ҷавонони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта ва падару модарони онҳо Сипоснома ва туҳфаҳои молии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар хотима аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону хизматчиёни ҳарбӣ намуданд.
Баъд аз маросими идона бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонону дигар иштирокчиёни чорабинии имрӯза аз ҷумла, модарони Кӯлобшаҳр аз вазъи шароитҳои истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд. Дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.
Зимни суҳбату вохӯриҳои меҳмонон бо хизматчиёни ҳарбӣ сарбозони шуҷои Ватан машқҳои омоданамудаи ҷолиби низомиро пешкаши иштирокчиён намуданд. Дарвоқеъ, намоишномаи пешниҳоднамудаи сарбозон аз ҷасорату чолокии ҳомиёни Ватан гувоҳӣ дода, бозгӯи омодагии ҳамаҷонибаи қисмҳои ҳарбии кишварамон ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан мебошад.
Зимни боздид аз китобхонаи қисми ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои хизматчиёни ҳарбӣ як миқдор адабиёти бадеии тозанашр ва компютеру дигар воситаҳои техникӣ тақдим карда шуд. Зикр гардид, ки инчунин кӯмакҳо ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон нақши ниҳоят муҳим мебозад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб