Дар арафаи ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ собиқадорони мақомоти мудоифаи кишвар ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро аёдат намуданд. Зимни суҳбатҳои самимӣ бо фарзандони шуҷои мамлакат, ки дар таҳкими қонуният ҳифзи якпорчагии кишвар ва муҳофизати марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бо арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ онҳоро қадрдонӣ хоҳад намуд. 

arjguzori6

Ин иқдомҳои роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, мояи сарбаландиву ифтихори собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар ин рӯз собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ташабусҳои иҷроикунандаи раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти онҳо изҳори сипос намуда, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа ва тарбияи насли ҷавонро дар руҳияи меҳандӯстиву ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз рисолат минбаъдаи худ арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба собиқадорони ҷангу меҳнат Бозорзода Сафаралӣ, Аскар Демпанаев, Салим Саид, Хурсанд Аъзамов, Талабхӯҷа Нозимов, Исмоилзода Саймурод, Хоркаш Бобоев, Давлат Амиров сипоснома ва туҳфаҳои идона тақдим намуд.

arjguzori2

arjguzori3

arjguzori4

arjguzori4

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP