МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба фарҳанги сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва аҳамияти пардохти ҳаққи хизмати он
Сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлоб,
Нахуст ҳар яки мо шукрона аз он мекунем, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ, маданияти баланди ободкории халқи шарафмандамон ба марҳилаҳои сифатан нави зиндагии шоиста ворид шуда истодаем. Тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Ҷойи зикри хос аст, ки бо ҷаҳду талошҳои муҳтарам Пешвои миллат ду агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, мо дар самти расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузоштем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси ифтихор ва рӯҳбаландии ҳар як шаҳрванди кишвар гардид.
Бори дигар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории кулли мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлобро мерасонем, ки сар карда аз санаи 11 январи соли 2023 маҳдудияти нерӯи барқ дар саросари кишвар аз байн бардошта шуд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳим дар самти ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар пасманзари дастоварди мазкур вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардохт кунем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бо ишора ба ин мавзӯъ қайд намуданд, ки “Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”. Самаранок истифода бурани нерӯи барқ дар шароити аз лиҳози экологӣ дигаргун шудани иқлим амри зарурӣ мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар гашта, омили доимо таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад. Зеро бо дарназардошти вазъияти буҳрони экологӣ ва тағйирёбии иқлим маҳз дар сурати боинсофона истифода бурдани нерӯи барқ метавонем зимистони имсоларо бе камбудии барқӣ паси сар созем. Пардохти маблағи ҳаққи истифодаи барқро фаромӯш накунем, то хонадони ҳар яки мо гарму равшан бошад.
Моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Шахсан дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро ба хотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем. Биёед дар якҷоягӣ аз худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии боз ҳам беҳтару хубтар барои худу фарзандонамон мусоидат намоем.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КУЛОБ
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
- Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1357 сомонӣ;
- Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ - 1357 сомонӣ;
- Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ - 913 сомонӣ;
- Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор
- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб
- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб
- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони Раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доѓи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
ЭЪЛОН
20.10.2022с
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26-июли соли 2022, №228 ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 8 августи соли 2022 “Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳри оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла ва деҳоти беҳтарин” Озмуни шаҳрӣ эълон менамояд. Ба озмуни мазкур тамоми иашкилоту муассисахо ва сокинони шахру дехоти Кулоб метавонанд хунари волои хешро пешниход намоянд.