Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои банди 39-и нақша чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷмуҳрии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 "Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд", мутобиқи моддаҳои 19,20,33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ" озмуни шаҳрии беҳтарин деҳа, деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқомотӣ дар шаҳри Кӯлоб эълон менамояд.
Низомнома, ҳайати комиссия ва меъёрҳои муайян намудани ғолибюони озмуни шаҳри оид ба беҳтарин деҳа, ҷамоати деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар шаҳр тасдиқ гардида аз ҷониби ҳайати комиисия баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ карда мешавад.