МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба фарҳанги сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва аҳамияти пардохти ҳаққи хизмати он
Сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлоб,
Нахуст ҳар яки мо шукрона аз он мекунем, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ, маданияти баланди ободкории халқи шарафмандамон ба марҳилаҳои сифатан нави зиндагии шоиста ворид шуда истодаем. Тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Ҷойи зикри хос аст, ки бо ҷаҳду талошҳои муҳтарам Пешвои миллат ду агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, мо дар самти расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузоштем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси ифтихор ва рӯҳбаландии ҳар як шаҳрванди кишвар гардид.
Бори дигар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории кулли мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлобро мерасонем, ки сар карда аз санаи 11 январи соли 2023 маҳдудияти нерӯи барқ дар саросари кишвар аз байн бардошта шуд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳим дар самти ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар пасманзари дастоварди мазкур вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардохт кунем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бо ишора ба ин мавзӯъ қайд намуданд, ки “Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”. Самаранок истифода бурани нерӯи барқ дар шароити аз лиҳози экологӣ дигаргун шудани иқлим амри зарурӣ мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар гашта, омили доимо таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад. Зеро бо дарназардошти вазъияти буҳрони экологӣ ва тағйирёбии иқлим маҳз дар сурати боинсофона истифода бурдани нерӯи барқ метавонем зимистони имсоларо бе камбудии барқӣ паси сар созем. Пардохти маблағи ҳаққи истифодаи барқро фаромӯш накунем, то хонадони ҳар яки мо гарму равшан бошад.
Моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Шахсан дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро ба хотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем. Биёед дар якҷоягӣ аз худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии боз ҳам беҳтару хубтар барои худу фарзандонамон мусоидат намоем.