dv id="«r2ba»" " " ">"
 
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯзҳо дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, бахусус футбол рушд намуда истодааст. Ба рушди футбол бунёди майдончаҳои варзишӣ, ки боз ҳам тибқи талаботи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳои хурду бузурги мамлакатамон сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ҳамаҷониба мусоидат мекунанд. Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 зикр намуданд, ки "Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ, соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатӣ дастгирӣ менамоем".
Мо хушбахттарин мардуми олам ҳастем, ки маҳз ба туфайли пешниҳоди кишвари мо "Рӯзи ҷаҳонии футбол " расман эълон карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 дар муроҷиат ба Созмони Миллали Муттаҳид, аз ҷумла иброз намуданд: " Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбудии саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра беш аз 150 сол аст, ки ба бозии футбол машғул мебошанд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ҳам бошад ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст ".
Бо назардошти ин муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Миллали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид "Рӯзи ҷаҳонии футбол " расман эълон карда шавад.
7 майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатънома қабул намуд. Ҳамин тариқ ҷомеаи ҷаҳонӣ нахустин Президенти Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ташаббуси шашуми сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол мавриди қабул қарор дод. Ин рӯйдод боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ин руйдоди муҳими таърихиро ҳамчун як дастоварди ҷаҳонии худ бори дуюм таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат дар пайравӣ аз раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид тамоми варзишгарон, мураббиён, омӯзгорон, собиқадорон, фаъолони соҳаи футболи минтақаи Кӯлоб ва дӯстдорони ин намуди зебои варзишро самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, ғалабаҳои нав ба нав ва рӯҳи баланди варзишӣ таманно дорам.
Мебояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хусусан футбол чораҳои дахлдорро мунтазам андешидаву амалӣ менамояд. Дар давраи солҳои 2022-2026 дар ҳудуди шаҳр барои рушди инфрасохтори футбол як варзишгоҳи калон азнавсозӣ ва 185 майдончаҳои хурди футболбозӣ бунёд карда шудаанд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои муосири футбол дар деҳаю маҳаллаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудаанд ва бо тадриҷ амалӣ карда мешаванд.
Дар шаҳри Кӯлоб Мактаби махсуси варзишии футбол таъсис дода шуда, дар он 15 гурӯҳ, 235 нафар варзишгар, аз ҷумла 15 нафар ҷавондухтарон ва 7 мураббӣ айни замон фаъолият карда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ баҳри рушди варзишу тарбияи ҷисмонӣ, алалхусус футбол тамоми чораю тадбирҳои заруриро пиёда месозад.
Бигзор футбол воситаи ваҳдат, дӯстӣ ва рушди ҷомеаи мо бошад.
dv id="«r2bb»" ">"
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP