dv id="«rr5»" " " ">"
Ғайраталӣ МИРАҲМАДОВ, директори Клуби футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб
Бовар дорем, ки таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол на танҳо ба баланд гардидани нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад, балки ба рушди минбаъдаи футбол дар саросари дунё, бахусус дар Тоҷикистони азизи мо, такони тоза мебахшад.
Ин рӯз имконият фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон, волидайн ва ниҳодҳои давлатӣ ба рушди футбол бештар гардад. Баргузории чорабиниҳои оммавӣ, мусобиқаҳо, семинару форуми варзишӣ дар чунин рӯз метавонад фазои мусоиде барои ҷалби истеъдодҳои нав ва ташаккули муҳити солими варзишӣ дар сатҳи маҳал муҳайё намояд.