Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи интихобии Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он ҳайати нави роҳбарикунанда интихоб шуд.
Ғайр аз ин, дар конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб интихоб гардид.
Дар Конференсия муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода иштирок намуда, роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи футболи минтақаи Кӯлобро табрик гуфт ва ба онҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳо дар самти рушди футбол комёбиҳо таманно кард.