Субҳи имрӯз, 19 май, дар шаҳри Кӯлоб чорабинии дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат варзиданд.
            Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирокчиёнро табрик намуда, қайд карданд, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳамаи ин оромиву осудагӣ аз баракати сиёсати созанда ва халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.
             Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дастгириҳои ҳамешагиашон соҳаи варзиш ва солимгардонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Кӯлоби бостонӣ рушду равнақ ёфта истодааст. Ин метавонад дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина гузорад.
           Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чанд гурӯҳ сабқат карданд. Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолони дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш диплому сипоснома ва мукофотҳо аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр супорида шуд.
                                                                                                                                                                                 Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP