Дар маҷлисгоҳи Қароргоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи дастурдиҳӣ ба гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарияти Шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб ва роҳандозӣ намудани чунин ҳамоиш изҳори сипосу миннатдори баён намуда, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки қувваю воситаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва корхонаву мақомоти давлатӣ ба иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, татбиқи талаботи Қарори болозикри раиси вилояти Хатлон ва иҷроиши чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар доираи эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" равона карда шуда, солимии хонаводаҳо таъмин ва зуҳуроти номатлуб решакан карда мешавад.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳадафи меҳварии ҷаласаи мазкур ин натиҷабардорӣ аз рафти иҷроиши Қарори Раиси вилояти Хатлон таҳти рақами 88 аз 8 апрели соли 2024 доир ба таъсиси Гурӯҳҳои корӣ доир ба тақвияти чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигаҳдошти солимии хонаводаҳо ва ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳудуди оила, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва муносибатҳои оиладор иборат мебошад.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти Шариф Назарзода ҳамчунин бо овардани факту далелҳои мушаххас аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ суханронӣ ва иброз дошт, ки фаъолияти якҷояи мақомоту идораҳо ва институтҳои шаҳрвандӣ, ҳамчунин фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо усули хона ба хона ба пешгирии падидаву зуҳуроти номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои Хатлонзамин мусоидат намуда, баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат намуд.
Дар идомаи ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои якҷояи кории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо милитсия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо мардум, баланд бардоштани ҳуввияти миллии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, эмин нигоҳ доштани суннатҳои ниёгон ва оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани либоси ба фарҳангу оини мо бегона назди гурӯҳҳои корӣ дастуру супоришҳои иловагӣ роҳандозӣ намуд.
Дар қисмати ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба тақвият додани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва чорабиниҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ оид ба пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ қабул карда шуд.
 
                                                                                               Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP