Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома доранд.
Бояд қайд намоем, ки дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби техникаҳои лозима ва мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев, Сангак Сафаров, Ҷумъа Алӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр, ки ба таъмир ниёз доштанд корҳои таъмиру азнавсозӣ рафта истодааст.
Боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки имрӯзҳо дар доираи сиёсати некбинонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳҳои байни деҳаҳо ва кӯчаҳои марказии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо расидани имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст марҳила ба марҳила корҳои таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршгардонӣ идома меёбад.
 
                                                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP