Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз рафти фаъолият ва корҳои сохтмонии минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар ҳайати Гурӯҳи корӣ роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар аъзоёни Гурӯҳи корӣ иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат, бунёди корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №809 ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 5 июни соли 2015, №306 дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шудааст.
Бояд қайд намоем, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифат анҷом додани корхонаҳои саноатӣ ҳар ҳафта дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар масъулон бо соҳибкорон вохӯриҳо доир гардида, ҷиҳати иҷро гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид расонида мешавад.
Дар ҷараёни боздид роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо маъулон сӯҳбат намуда, изҳор намуд, ки имрӯзҳо дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Танҳо аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд, ки аз ин шароитҳои мусоид истифода бурда, дар муҳлатҳои муқарраршуда он масъулияте, ки бар зимма дорем натиҷабахш анҷом диҳем. Инчунин, таъкид гардид, ки бояд коргоҳу корхонаҳое бунёд карда шавад, ки ҳам ҷойи корӣ таъсис ёфта ва ҳам маҳсулотҳои хушсифат истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида шавад.
Дар идомаи сӯҳбат, соҳибкорон аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида фаъолияти корхонаҳои худро ба роҳ мемонанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб