Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо сӯроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Абдураҳмонов А. – 7, ҷойгир аст.
Мутобиқи маводи аз ҷониби шӯъбаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳодшуда, бо фармони шӯъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14 октябри соли 1953 таҳти № 01\105 мактаби тиббии ш. Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954 таҳти № 112 ин мактаб ба омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.