Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Кӯлоб, ки азнавсозӣ шуда буд, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, фармоишгар бонки “Саноатсодиротбонк” мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, айни замон 17 нафар мутахассисони ботаҷриба ба мардум хизмати бонкӣ расонида истодаанд. Корҳои азнавсозии иншоот пурра аз ҷониби бонки “Саноатсодиротбонк” маблағгузорӣ шудааст.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб