Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 июни соли 2024 роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб боздид ба амал оварданд.
        Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат ва иқтисоди мамлакат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 #97 Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар майдони 309,3 га таъсис дода шудааст. Тибқи маълумоти роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 8 субъект ба қайд гирифта шудааст. Корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои (филтрҳои) ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ "Тоҷик Алмос" фаъолияташро ба роҳ монда, дар 4 моҳи соли 2024 - 8100 адад ҳавотозакунакҳо ба маблағи 29,3 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар корхонаи мазкур айни ҳол 20 нафар кормандон аз ҷумла 14 нафар аз ҳисоби занҳои хонашини маҳаллӣ кор карда истодаанд. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб агросаноат" ҳамчун субъекти дуюм бунёди корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла корхонаи коркарди намак, истеҳсоли равған, набот ва банду басти намаки ошӣ корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб Пласт " бошад сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз пластмасаро оғоз намудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалишавии лоиҳаи кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ шуда истодааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бунёди зеристгоҳи барқи 110/35/10 кВ ба насби 2 адад трансформатори тавоноиашон баланд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
         Зимнан, дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб панҷарабандӣ ба масофаи 5,9 км анҷом ёфта, корҳо иловатан марҳила ба марҳила идома ёфта истодааст. Маврид ба зикр аст, ки сохтмони бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб меҳмонхона барои 20 ҷой ва гузаргоҳи гумрукӣ идома доранд. Чоҳи амудӣ барои таъмини оби нушокӣ канда шуда, барои кашидани хатти алоқаи кабелии телефонӣ ва интернетӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корҳои назаррас анҷом дода истодааст. Зимни сӯҳбат роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифат анҷом додани корхонаҳои истеҳсолӣ, фаъолияти пурсамари корхонаҳое, ки айни ҳол фаъолият доранд ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
        Таъкид гардид, ки имрӯз ин ҳама талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд бо як масъулияти баланд корҳои назаррасро анҷом дода, дар пиёда сохтани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузорем. Роҳбарият аз фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда ба роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва бо сифат анҷом додани корхонаҳо масъулияти бештар нишон диҳанд.
 
                                                                                                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP