Дар доираи сафари корӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ва ҳамроҳони сатҳи вилояту шаҳр дар нимаи рӯзи 11 декабри соли ҷорӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Гулзор ворид гаштанд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур соли 1938 иборат аз 7 синфхона барои 280 ҷойи нишаст бари ду баст сохта ба истифода дода шудааст. Соли 1958 дар назди муассиса 7 синфхонаи иловагӣ барои 190 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуда буд. Муассисаи мазкур дорои ду филиал мебошад, ки аз 200 то 380 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Худи ҳамин рӯз аз тарафи меҳмонон бинои нави иловагии дуошёна дар назди бинои муассисаи таълимии №17 барои 350 нафар хонанда дар ду баст иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и Ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Лавова низ ташриф оварданд. Тибқи маълумотҳо Муассисаи мазкур соли 1964 иборат аз 38 синфхона барои 950 ҷойи нишаст бари ду баст сохта ба истифода дода шудааст. Бояд қайд намоем, ки муассисаи мазкур дорои ду филиал буда, дар он 420 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Худи ҳамин рӯз аз тарафи меҳмонон бинои нави иловагии дуошёна дар назди бинои муассисаи таълимии №18 барои 200 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуд.
Меҳмонон ин ҳама имкониятҳои мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид ба насли имрӯзу фардои кишварро аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Дар идома, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки мо масъулин тамоми масъулияти худро ҷиҳати татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб