Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва анҷом додани санҷиши фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бо баргузории вохӯриҳо бо роҳбарият ва кормандони соҳаҳои болозикр санаи 11 декабри соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳайати ҳамроҳони сатҳи вазорату идораҳои дахлдор тибқи нақшаи чорабиниҳо аз ташкилоту муассисаҳо ва беморхонаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дидан намуданд.
Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шахри Кӯлоб ба номи Саидҷон Ҳакимзода, ки соли 2006 барои 640 нафар хонанда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шудааст, дидан намуданд. Дар ин раванд, масъулин дар бораи муайян намудани ҷойи бинои иловагӣ барои 240 нафар дар ду баст дар саҳни ҳавлии муассиса ва оғози сохтмон, инчунин рафти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025-ро дар синфхонаҳои мактаби мазкур дидан намуданд, ки ҳамагӣ бо печҳои барқӣ ва аловӣ таъмин буданд.
Инчунин маълумот дода шуд, ки бунёди бинои нави иловагӣ тибқи нақша аз охири моҳи декабри соли 2024 аз тарафи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Қайд гардид, аз сабабе, ки хонандагон дар ин муассиса зиёд ҳастанд, айни ҳол таҳсил дар се баст фаро гирифта шудааст ва пас аз сохта ба истифода додани бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи зикршуда мушкилоти таҳсили се баста пурра аз байн хоҳад рафт.
Ҳамзамон меҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб