Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, дар соли 2002 бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардонида шуд. Иқдоми мазкур боис шуд, ки кормандони телевизиони Кӯлоб барои фатҳи қуллаҳои нав қадамҳои устувор гузоранд.