Фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида баҳри таъмини рушди устувори он аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад


q farhangБахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Низомнома, нақшаи корӣ, қонуну, Барномаҳои соҳавӣ аз қабили: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», “Барномаи давлати рушди муассисаҳои фарҳанги барои солҳои 2021 - 2025”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддӣ барои солҳои 2021 - 2025”, “Барномаи давлати ҳифзи ёдгориҳои таърихи барои солҳои 2021 – 2025”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2025”, “Барномаи давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030” ҳамзамон тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб амал намуда дар соли 2021 баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тавассути баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносии мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вазъи ҳуҷатгузории Бахши фарҳанг ба дараҷаи лозими ба роҳ монда шуда, утоқи методи бо дастурҳои методи, ороишоти муассисаҳо ва сенарияҳои тавсияви, барномаҳои консертӣ, даъватномаҳо, дастурҳои муассисаҳои фарҳанги оро дода шудааст.
Дар мувозинати Бахши фарҳанг имрӯз 1- нақлиёт мавҷуд аст, Опел-Омега 62-24 Рт-03, соли бароришаш-1995 мебошад
Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ба 50 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 20 муассисаи клубӣ, 3 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби рассомӣ, 24 филиал китобхона, 1 боғи фарҳангӣ истироҳатӣ, 1 осорхонаи Ҳунармандон ба мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд.
Дар Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар якҷояги бо муассисаҳои зертобеи он ҳамагӣ 287 нафар кормандон кору фаъолият мекунанд. Аз ҷумла бо маълумоти олии соҳавӣ 28 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 52 нафар, миёнаи махсуси соҳавӣ 95 нафар, миёнаи махсус 9 нафар, миёнаи умумӣ 5 нафар, техникиҳо 98 нафар мебошанд. Аз инҳо 132 нафар занҳо ва 155 нафар мардон мебошанд.
Нишондиҳандаҳои китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2021.
Фонди китобӣ 86787, хонанда-13546, омаду рафт-58761, китобдиҳӣ-97739, чорабиниҳои оммавӣ-829 то мебошанд. Дар соли равон 60 – нусха адабиётхои тозанашр ба маблаги 3000 сомони харидори шуда 3757 – нусха китоби дигар хорич гаштааст.
Шумораи нигорахо ба 458 адад расидааст.Тасвири 59- нафар чехрахои хунар ба накша гирифти шудааст.
Мавриди зикр аст, ки санаи 17.11.2021 даври ҷамбастии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз шаҳри Кӯлоб дар ин озмун 2- нафар ҷойи дуюм ва 2- нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар минбаъда низ тамоми кушишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки кори хизматрасонии фархангиро ба ахоли боз хам бехтар намуда дар амалисозии сиёсати фархангии Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон сахми арзандаи худро гузоранд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP