“Мо бо ифтихор баён медорем, ки ориёӣ ҳастем, таърихи беш аз 6000-сола дорем ва сокинони бумиву соҳиби ҳамин сарзамин мебошем” Эмомалӣ Раҳмон
Замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бисёр ёдгориҳои таърихӣ аз нав эҳё гардиданд. Бо пешниҳод ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2500 солагии шаҳри Хуҷанд, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 - солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Қалъаи Кӯлоб низ яке аз ёдгориҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, аз таърихи бостонии ниёгони соҳибтамаддуни мо гувоҳӣ медиҳад. Маъхазҳои таърихӣ дарак медиҳанд, ки ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб маскани одамони қадим ба шумор меравад. Ковишҳои бостоншиносӣ собит сохтанд, ки ҳанӯз дар асрҳои VIII-VII то милод гузаштагони мо ин мавзеи зеборо ҷойи зист интихоб намуданд.
Дар миёнаҳои қарни VII пеш аз милод, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб нахустин деҳа ва шаҳракҳо бунёд гардида, ба шаҳри калон табдил ёфтаанд.
Бостоншиносон соли 1993 дар натиҷаи ковишҳои археологӣ дар шафати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нигораҳоеро ёфтанд, ки (аз ҷумла якчанд хумдонҳои калон) аз таърихи куҳан доштани шаҳри Кӯлоб шаҳодат медиҳад. Андозаҳои бузургии хумдонҳо, зарфҳои гуногуни сершумори дар дохили он ёфтшуда гувоҳӣ медиҳад, ки аҳолии зиёди шаҳр аз онҳо истифода менамудаанд.
Соли 2001, зимни кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ашёҳое ба даст оварда шуданд, ки ба давраи Юнонӣ, Бохтарӣ (асрҳои III-II пеш аз милод) тааллуқ доранд. Бозёфтҳои ин давра дар ду мавзеи шаҳр- дар қалъаи Чармгарони Поён ва боғи пионерон ва қалъаи Купчинор ва канори рости сойи Тебалай пайдо карда шуд.
Дар замони Юнонӣ, Бохтарӣ шаҳри Кӯлоб аз ду қалъа ва шаҳристон иборат буд. Қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар шафати он ба масоҳати 170 х 150 метр шаҳристон вуҷуд дошт.
Дар мавзеи ҷойгиршавии қалъа ва гирду атрофи он шумораи зиёди чашмаҳо мавҷуд буданд, ки барои зиндагию рӯзгор ва фаъолияти хоҷагии мардум бисёр муҳим буд.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ қисми зиёди шаҳрҳои асримиёнагӣ аз се қисм иборат буданд: 1. Дион (қалъа), 2.Шаҳристон, 3.Работ.
Дар осори муаррихони асрҳои IХ-Х, аз ҷумла дар асари Ал-Мақдисӣ шаҳре бо номи Сикандар дар Хатлон ёд шудааст. Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ Искандари Мақдунӣ дар канори дарёи Окс (Вахш ва Ому) шаҳре сохта буд. Бисёр муҳаққиқон, аз ҷумла А.М. Белинский ва Б. Ғафуров бар он ақидаанд, ки шаҳри Искандарияи Окс дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ “Тоҷикон” навиштааст: - “Аз рӯи маълумоти муаллифони қадим, Искандар бо мақсади ба вуҷуд овардани нуқтаҳои муттакои истилои юнону мақдунӣ дар Суғд ва Бохтар 8-12 шаҳр бино карда, ба ҳар яке Искандария ном дод. Чунончи: Искандарияи Ақсо, Искандарияи Ориёӣ (Ҳирот), Искандарияи Лаби Ому (тахминан дар ноҳияи Тирмиз ё Кӯлоб)... Дар ин шаҳрҳо то 20 ҳазор аскарони пиёданизом ва 3 ҳазор савора қарор гирифта буданд”.
Дар китоби “Тоҷикон” омадааст, ки он вақтҳо Хатлон тамоми хоки гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Вахшро дар бар мегирифт ва дигар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ба вай итоат мекарданд. Подшоҳи Хатлон дар ихтиёри худ 50 ҳазор кӯшун дошт.
Вақте ки соли 725 арабҳо бо роҳбарии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон лашкар мекашанд, шармандавор шикаст мехӯранд. Табарӣ хабар медиҳад, ки вақти аз ҷанги Хатлон шармандавор шикаст хӯрда, ба Балх баргаштани Асад ибни Абдуллоҳ аҳли Балх дар ҳаққи ӯ суруди тамасхуромез меофаранд, ки аз аввалин асари маҳфузмондаи тоҷикӣ ҳисобидан мумкин аст:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия.
Дар китоби “Таърихи халқи тоҷик”- и Юсуфшоҳ Яъқубов омадааст, ки баъди фатҳи қалъаи Суғд Искандар яке аз сарлашкарони боварибахши худ – Полиперхонро ба Бохтар мефиристад. Сарлашкарони бохтарӣ – Катан ва Овсен яке ҳалок ва дигарӣ захмӣ шуда, бо чандин нафар асир меафтад. Полиперхон ҳамаи асиронро ба қатл мерасонад ва дар ҷойи имрӯзаи шаҳри Кӯлоб шаҳри Искандарияро бино менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1038-1039 ва 1063-1064 Салҷуқиёни истилогар ба Хатлон ҳуҷум карда, маркази онро ба харобазор табдил доданд. Баъд аз ин номи маркази Хатлон – Ҳулбук дар сарчашмаҳои таърихӣ дигар дучор намояд. Ба ҷойи он муаррихон ҳамчун маркази Хатлон аз қалъаи Кӯлоб (дар наздикиҳои рӯди Ҷайҳун) ёд карданд, ки ба гумони ғолиб дар ҷойи шаҳри Кӯлоби имрӯза воқеъ гардида буд.
Дар асрҳои минбаъда номи Кӯлоб дар сарчашмаҳои бештар ба ҷойи Хатлон зикр мегардид. Шаҳри Кӯлоб бошад дар тули асрҳо ободу зебо мешуд. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар шаҳри Кӯлоб 17 гузар (маҳалла) мавҷуд будааст. Шаҳри Кӯлоб 3 дарвозаи асосӣ дошт: дарвозаи Чорсӯ, дарвозаи Имом ва дарвозаи Анҷиракон. Ин дарвозаҳо ба сӯи минтақаю шаҳрчаҳои асосии атрофи Кӯлоб нигаронида шуда буданд.
Ба даруни шаҳр оби тозаю соф ва ширин ба воситаи тарнов равон буд. Таърихнигори асри ХVI-и тоҷик Ҳофиз Таниши Бухороӣ дар асараш “Шарафномаи шоҳӣ” дар бораи воқеаҳои ҳуҷуми шайбониҳо ба Кӯлоб ва шаҳру қалъаи он чунин нигоштааст: “Ва бар танове, ки об аз он ҷо ба даруни шаҳр мебурданд, пиёдаи бисёр тиру камонҳо ба банди тир ҳамоил сохта, сипарҳои лаълӣ бар китф андохта, ҳуҷум дохтанд”. Баъди муҳосираи думоҳа ва набардҳои зиёд Абдуллохони шайбонӣ 10 июли соли 1584 қалъаи Кӯлобро ишғол намуд. Абдуллохон амакбачаи худ Ӯзбексултонро ҳокими Кӯлоб таъйин карда, фармуд, ки қалъаи Кӯлобро ба хок яксон карда, дар мавзеи Ҳалвоӣ қалъаи нав бунёд намоянд. Қалъаи нав дар қисмати ҷануби Чармгарони Поён, дар мавзее сохта шуд, ки имрӯз бо номи Куҳнашаҳр маъруф аст.
Дар арафаи ҷашни 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии олими шинохта, академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар қалъаи куҳнаи Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд.
Имрӯзҳо эҳё, тармим ва азнавбунёдкунии қалъаи Кӯлобшаҳри бостонӣ бо маром ва дар сатҳи баланд идома дорад.
Аъзам Бобоев, Бохтар- Кӯлоб- Бохтар