Бо ҳадафи истиқболи сазовори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон, рӯзи 12-уми июл дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми ман – дар ободии Ватан» баргузор гардид.
Сокинони шарафманди Кӯлобшаҳри бостонӣ бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ҷонибдорӣ намуда, сарҷамъона ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд.
Ташкили чунин чорабиниҳои дастаҷамъона на танҳо муҳити зистро зебо мегардонад, балки заминаи ташаккули ҳисси баланди меҳанпарастӣ, масъулиятшиносӣ ва ваҳдати иҷтимоиро фароҳам месозад.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванди соҳибвиҷдон метавонад бо саҳми хеш – ҳатто тоза намудани як гӯшаи маҳалли зист дар ободии Ватан ҳиссагузор бошад. Зеро муҳити тоза, ободи шаҳр ва деҳот, пеш аз ҳама, нишонаи фарҳанги баланд ва эҳтиром ба давлату миллат аст.
Иқдомҳое чун “Саҳми ман – дар ободии Ватан” ба як ҳаракати доимии созанда табдил ёфта, дар раванди ободсозии кишвари маҳбубамон нақши арзанда дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP