Фалсафаи зиндагии инсон чунин аст, вақте ки дар фазои орому осуда зисту зиндагонӣ менамояд, зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи давлату Ҳукумат қарор дорад кушиш менамояд, то саҳми арзандае дар ободии диёр гузошта бошад. Албатта ки ин ҳама талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз чашми сокинон дур намемонад ва раҳнамунсози онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гардидааст.
Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зери роҳбарии гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад.
Сокинони маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Муассисаи давлатии назорати сектори хусусии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб имрӯз ба ҳашари умумӣ баромаданд. Зимни ҳашари мазкур 16 адад ҷуйборҳои бетонӣ шинонида шуд, ки дар оянда барои пешгирии офатҳои табиӣ ва нигаҳдории
роҳҳои дохили маҳалла мусоидат хоҳад кард. Дар оянда бунёди деворҳои муҳофизатӣ ва шинонидани зиёда аз 100 дона ҷуйборҳои бетонӣ дар назар аст.
Сокинони саодатманди шаҳри бостонии Кӯлоб тамоми саъйю талоши худро равона менамояд, то ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP