Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соҳаи варзиш бахусус футбол рушду нумуъ ёфта, дар тамоми ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида истодааст, ки ин раванд дар солимии ҷомеа ба манфиат арзёбӣ карда мешавад.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Футбол дар варзишгоҳи Аренаи шаҳри Кӯлоб фестивал баргузор карда шуд.
Дар ин тадбири варзишӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони касбу кори гуногун инчунин дастаҳои футболбозони хурдсол, ки дар муассисаҳои давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ба машқу тамрин машғуланд иштирок намуданд.
Дар қисмати тантанавии фестивал раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда иброз доштанд, ки ин пайки нек ки бо ибтикори бевоситаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ падид омадааст руҳияи кӯдакону наврасон ва ҳаводорону алоқамандони варзишро баланд бардошта, барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногун ба ин намуди варзиш аҳамияти хоса дорад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфтани ин иқдом мояи ифтихору сарфарозии тоҷику Тоҷикистонӣ маънидод карда шуд.
Дар ин росто ҷиҳати беҳтару хубтар гардидани вазъи инфросохтори соҳаи варзиш дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таваҷҷуҳи хос равона мегардад. Бо зикри ин нуқтаҳо аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарон даъват ба амал оварда шуд, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамгардида васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ дастаҳои футболбозони хурдсол бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

dv id="«r3ad»" ">"

 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP