Дар шаҳри Кӯлоб бо баргузории як маҳфили бошукӯҳ ва фарҳангӣ аз устод Ашур Сафар яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик - Шоири халқии Тоҷикистон, ёдоварӣ карда шуд. Ин ҳамоиш бо ширкати васеи аҳли адаб, муҳаққиқон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид. Ҳамоиш бо гулгузорӣ дар назди нимпайкараи адиб-Ашӯр Сафар, оғоз ёфта, сипас иштирокчиён ба Китобхона-осорхонаи устод ташриф оварда, бо зиндагӣ ва мероси адабии ӯ шинос шуданд. Дар идомаи ҳамоиш, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 мизбони суханрониҳо ва барномаҳои адабии ҳамоиш гардид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоир Файзи Ашӯр ва дигар аҳли илму адаб дар суханрониҳои худ ҷойгоҳи баланди устод Ашӯр Сафарро дар ташаккули адабиёти тоҷик таъкид намуда, аз нақши таъсиргузори ӯ дар тарбияи насли ҷавону ҷомеаи кишвар ва таҳкими арзишҳои фарҳангии миллӣ ёдовар шуданд.
Устод Ашӯр Сафар 1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, беш аз ним аср дар саҳнаи омӯзиш ва адабиёт фаъолият намудааст. Аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта ба майдони шеър қадам гузошта, бо садоқат ба забони модарӣ ва эҳсоси баланди иҷтимоӣ осори арзишманд эҷод намудааст.
Маҷмӯаҳои "Ибтидои роҳ", "Фарзанди аср", "Самари умр", "Базми садоқат", "Гули Маҳтоб", "Достони нотамом" “Девон (мунтахаби ашъор)” ва даҳҳо дигар шоҳиди ҷаҳони андеша ва нигоҳи амиқи ӯ ба зиндагӣ мебошанд. Устод ҳамчунин бо шеърҳои ҳаҷвӣ ва осори тарҷумакардаи муаллифони хориҷӣ низ дар дили хонандагони тоҷик ҷо гирифтааст. Осори ӯ ба забонҳои зиёде тарҷума шудааст ва маҳбубияти ӯ на танҳо дар миёни калонсолон, балки миёни кӯдакону наврасон низ маҳфуз мондааст.
Дар зимни баргузорӣ қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори устод Ашӯр Сафар аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ёдоварӣ аз хушгӯиҳо (ҳазлҳо)-и адиб дар рафти ҳамоиш, фазои фарҳангии ҷашнро ҷолиб ва дилнишин сохт, ки муҳтавои шеъри ӯро бо эҳсосоти хос ва эҳтиром ба маънавияти адабӣ ба шунавандагон тақдим намуд.

dv id="«r1cl»" ">"

 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP