dv id="«r52m»" " " ">"
Тибқи фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Абдулло Мумин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-августи соли 2025, №488 “Дар бораи тартиби таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрии мазкурро тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати дуруст таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шафоф ва эътимоднок таъин намудани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз омилҳои ба коррупсионӣ ташкил медод.
Ҳамзамон Низомномаи намунавии Комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ оид ба таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати тасдиқгардида ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шинос карда шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«r52n»" ">"
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP