dv id="«r3eh»" " " ">"
Либоси миллӣ ифодагари фарҳанги ҳар халқу кишвар аст. Махсусан либосҳои милли мо – тоҷикон аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангу тамадуни чандинҳазорсолаамон ба шумор меравад. Зану духтари тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси зебову шинами тоҷиконаи атласу адрас ва чакан мешинохтанду мешиносанд. Мутаассифона, имрӯзҳо ин рукни фарҳанги миллӣ ниёз ба ҳимоя дорад. Махсусан, қисме аз ҷавондухтарон майл ба фарҳанги бегона доранду аз пӯшидани либосҳои миллӣ канорагирӣ мекунанд. Тавре мушоҳида менамоем, онҳо бештар либосҳои кишварҳои ғарбию арабиро ва дигар миллатҳоро бозавқ ба бар менамоянду боре ҳам намеандешанд, ки мо - тоҷикон либоси хоси миллии худро дорем.
Далели арзиши воло доштани либоси миллии мо дар он зоҳир мегардад, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид. Арзиши атласу адрас низ, ки дар тӯли таърих вижагиву унсурҳои худро нигоҳ дошта омадааст, аз ин кам нест.
Ба хотири арҷгузорӣ ба унсури муҳимтарини фарҳанги миллии мо-либоси миллӣ аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аксияи таблиғотии “Тоҷикона мепӯшем ва бо либоси миллии худ ифтихор менамоем” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ва хиёбони марказӣ гузаронида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб