Ҷаласаи ситоди комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таҳти √11 аз 11 апрели соли 2025 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳо” зери роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини аввал, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ майор Сайдаҳмадзода Бахтиёр ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намуданд.