Ҳамдиёрони азиз,
Боз як хизмати бузурги Иҷлосияи таърихию такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он Парчами миллии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иртибот ба ин масъалаи муҳим, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид». Боз ҳам тибқи таъкиди Сардори давлат «Бо мақсади гиромӣ доштани ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид». Инак, соли 15-ум аст, ки мо ин санаи муҳимро таҷлил карда истодаем. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ва тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ ва халқи Тоҷикистони азизро самимона табрику муборакбод мегӯям. Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллианд. Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гардидааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Яъне парчам яке аз рукнҳои давлатдории ҳар як мамлакат мушаххас маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат низ ишора кардаанд, ки «дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ мебошад». Мебояд таъкид намуд, ки ҳарчанд мо ҳамагӣ 32 сол муқаддам, Парчами давлати соҳибистиклолро қабул карда бошем ҳам, вале мардуми тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, яке аз қадимтарин парчамдорони олам аст. Маълум аст, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Аммо дар китоби муқаддаси Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва диравши душманони он маълумот дода шудааст. Парчаму диравш вожаҳои қадимаи тоҷикӣ мебошанд. Яъне, ин далел гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ҷиҳати пайдоиши Парчам ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ ҳам барои инсонияту кишварҳои олам ҳиссаи арзанда дорад. Парчами давлатии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик аст, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Агар забон, қалби миллат бошад, Парчам сари баланди халқ аст. Чунки дар ҳарҷое Парчам афрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд аланга мезанад. Боиси қаноатмандиву ифтихори ҳар яки тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз дар қатори Парчами дигар кишварҳои олам, дар назди иморати Созмони Милали Муттаҳид, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибифтихор низ парафшонӣ дорад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, зарур медонам таъкид намоям, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини мамлакат муқаддас аст. Ҷаноби Олӣ ҳам таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо орем». Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи ифтихору човидонии миллат, саодатмандии халқ ва кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз! Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP