Санаи 24.11.2024 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши мутантан ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Пеш аз роҳпаймоии идона ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ба хотири гиромидошт ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатӣ, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Дар ин чорабинии фараҳбахш ва идона ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногун бо шиору овезаҳо ва рӯҳияи болидаи идона, бо дарки рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб роҳпаймоӣ намуданд.
Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.
Дар оғози чорабинии тантанавӣ
раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирокдорон ва сокинони шаҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид табрик гуфта, изҳор намуданд, ки
боз як хизмати бузурги Иҷлосияи таърихию такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он Парчами миллии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иртибот ба ин масъалаи муҳим, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид». Боз ҳам тибқи таъкиди Сардори давлат «Бо мақсади гиромӣ доштани ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид». Инак, соли 15-ум аст, ки мо ин санаи муҳимро таҷлил карда истодаем. Таъкид намуданд, ки кишварҳои муосири рӯйи замин дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллианд. Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гардидааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Яъне парчам яке аз рукнҳои давлатдории ҳар як мамлакат мушаххас маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат низ ишора кардаанд, ки «дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ мебошад». Мебояд таъкид намуд, ки ҳарчанд мо ҳамагӣ 32 сол муқаддам, Парчами давлати соҳибистиклолро қабул карда бошем ҳам, вале мардуми тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, яке аз қадимтарин парчамдорони олам аст. Маълум аст, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Аммо дар китоби муқаддаси Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва диравши душманони он маълумот дода шудааст. Парчаму диравш вожаҳои қадимаи тоҷикӣ мебошанд. Яъне, ин далел гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ҷиҳати пайдоиши Парчам ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ ҳам барои инсонияту кишварҳои олам ҳиссаи арзанда дорад. Парчами давлатии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик аст, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Агар забон, қалби миллат бошад, Парчам сари баланди халқ аст. Чунки дар ҳарҷое Парчам афрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд аланга мезанад. Боиси қаноатмандиву ифтихори ҳар яки тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз дар қатори Парчами дигар кишварҳои олам, дар назди иморати Созмони Милали Муттаҳид, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибифтихор низ парафшонӣ дорад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, зарур медонам таъкид намоям, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини мамлакат муқаддас аст. Ҷаноби Олӣ ҳам таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо орем». Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи ифтихору човидонии миллат, саодатмандии халқ ва кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек доир ба арзиш ва гиромидошти Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатии мо, ки бо тобиши рангҳои сурх ҳамчун рамзи озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободию хуррамӣ ва тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон инъикоси тамаддуни оламгир, фарҳанги деринбунёди давлатдорӣ, масири пуршарафи ватанхоҳӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони ҷонфидои миллат, шоҳкориҳои илму фан ва шаҳрсозию тинати ободкорию созандагии мардуми мо мебошад, таҳти сиёсати хирадбунёду сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ моро ба дастовардҳои нодири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ташвиқ намуд.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, рангҳои сурху сафеду сабзи Парчами давлатӣ рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту некию ҳимматанд, он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод. Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст, ишора ва даъватест ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра. Парчами мо нишони руҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз асрҳо, обу оташи маргбори замонаҳо, овардҳои хунини замонаҳо гузаштаю пойдор мондааст:
Эй, танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!
Эй, фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!
Бо ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!
Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!
Дар ҳамовозӣ бо ин таровишҳои қалби пуртуғёни шоири ватансаро таманнои онро мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ҳамдилӣ, нангу номуси ватандорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани аҷдодӣ то абад партавафшон ва роҳнамои наслҳои миллати сарафрозу соҳибтамаддун ба сӯйи қуллаҳои мақсуд бошад, таъкид дошт ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар идомаи суханронии хеш.
Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Қисмати дигари чорабинӣ бо барномаи ҳунарӣ ва фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони Қасри фарҳанг ва сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ аз қабили Зиёвиддини Нурзод, Сурӯш Холов, Нигора Холова ва дастаи ҳаҷвнигорони “Ғарибшо компания”, ки саршор аз суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, садо доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб