Бо мақсади таҷлил намудани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ин росто тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои давлатӣ имрӯз 3 ноябри соли 2024 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳти унвони "Тозагӣ гарави саломатист" ва доир гардид, ки дар аксияҳои мазкур кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар тоза намудани назди ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ва тоза кардани партовҳову кашонидани онҳо ба ҷойҳои махсус аз сойи Тебалай доир гардид.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони корхонаҳои марбут ба соҳаи коммуналӣ барои тозаву поккорӣ намудани кучаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, назди ташкилоту муассисаҳо ва дохили сойҳо тоза карда мешавад.
Чунин иқдомҳои дастаҷамъона минбаъд низ аз ҷониби масъулин идома ёфта, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои дар пеш истода бо як шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳр таҷлил хоҳанд шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тамоми сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб, аз ҷумла соҳибкорони бозори Марказӣ, ки дар канори сойи Тебалай ҷойгиранд ва худи аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки партовҳои худро дар қуттиҳои гузошташуда гузоранд ва дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб