Санаи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раис ва мақомот, инчунин собиқадорон, як қатор роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати устодону омӯзгорон ва сокинони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
          Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баромади худ ҳайати омӯзгорону кормандон ва аҳли маорифи кишвару ҳамдиёрони шарифро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат, рукни устувори давлатдории мустақил, кафили бақои миллату тамаддуни оламгир табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ барои мардуми фарҳангдӯсти кишвар, аҳли илму маориф, соҳибони забони нобу кӯҳанбунёд рамзи неки иттиҳоду ҳамбастагӣ ва фаъолияти созандаву дастаҷамъона дар партави сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мебошад.
          Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ҳадафи мо аз ин ҷашн аз як тараф гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ қабл аз ҳама ба амалӣ гардидани қонуни зикршуда вобаста аст. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ- арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Бо назардошти ин ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».
          Ёдовар гардид, ки насли калонсол, он нафароне, ки дар замони Шуравӣ умр ба сар бурданд, нағз дар хотир доранд, ки дар Тоҷикистон сарфи назар аз он, ки ҷумҳурии миллӣ дар ҳайъати давлати абарқудрати Шуравӣ буд, қисмати зиёди хуҷҷатнигориву ҳуҷҷатгузорӣ бо забони русӣ сурат мегирифтанд ва ҷаласаву машваратҳо бо ҳамин забон гузаронида мешуданд. Фақат дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта, пас аз эълон шудани бозсозиву дар иртибот бо ин иқдоми роҳбарияти олии кишвари Шуравӣ, паст шудани шиддати вазъият, дар ҷумҳурӣ ҳаракату ҷунбишҳо барои дар баробари забони русӣ, ба забони тоҷикӣ дар забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ оғоз шуданд. Ин ҳаракату ҷунбишҳо оқибат самараи хуб ба бор оварданд ва 22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиду тибқи он забони тоҷикӣ дар кишвар мақоми давлатиро гирифт. Вале забони тоҷикӣ ба маънои аслиаш пас аз соҳибистиқлолии кишвар имкон пайдо кард, ки рушду густариш ёбад ва бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд. Гузашта аз ин, маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззаму хирадсолори миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромад ва имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид садо дода истодааст. Фикр мекунам ин дастоварди бузург боиси ифтихору сарфарозии ҳар як ватандори асил мебошад. Ҳамзамон бояд ифтихор кард, ки ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо забони тоҷикӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот мавқеи устуворро соҳиб гаштааст. Албатта, ҳар як фарди соҳибмаърифат бо нангу номус ва тамоми соҳибзабонон барои устувор гардонидани забони давлатӣ вазифадору масъул мебошанд. Бояд саъйю кушиш намоянд, ки фонди луғавии он рангоранг бошад ва мақомаш дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳарчи бештар баландтар гардад. Дар хусуси он, ки ин забонро дар навбати аввал мо бояд худамон омӯзему ба дараҷаи зарурӣ донем, ҳоҷат ба гуфтор нест. Зеро шоир фармудааст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
          Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр дар фарҷом бори дигар ҳамагонро ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрик намуда, суханони худро бо дастури пур аз ҳикмати Пешвои муаззами миллат ҳусни анҷом бахшид: «Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон яъне забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дуст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку чонбахшо ва муҳаббати онро бо аллаи гушнавоз дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эхтирому эҳтиёт кунем ва мисли гиромитарин сарвати умрамон, ҳамеша гиромӣ дорем».
          Дар идома як қатор собиқадорону омӯзгорон баромад намуда, доир ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Бояд қайд намоем, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб як қатор масъулин барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
          Чорабинии мазкур бо қисмати фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.
 
                                                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP