Ёдовар мешавем, ки дар доираи сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб марҳила ба марҳила бо оби нӯшокӣ таъмин гардида истодаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи "Обтаминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб" дар деҳаи Тудакавши ҷамоати деҳоти Кӯлоб, сохтмони обанбор дар ҳаҷми 3000 метри кубӣ бо истгоҳи насосӣ идома дорад. Баъди баанҷомрасии сохтмон ва ба истифода додани обанбори мазкур дар арафаи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С. Вализода, маҳаллаи Қурбон Асадулло, Дустӣ ва як қисмати маҳаллаи Синои шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд гашт.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ роҳбарият бо масъулин сӯҳбат намуда, таъкид доштанд, ки мову шумо вазифадорем тибқи лоиҳаи мазкур корро ҷоннок намуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда корҳои сохтмониро ба анҷом расонем.
Дар идома, роҳбарият аз рафти сохтмони хатти ташноб (конализатсия), ки дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб идома дорад, дидан намуданд. Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд, хати ташноб зиёда аз 9 км-ро дар бар гирифта, айни ҳол тибқи нақша 41 фоизи корҳо иҷро гардида, боқимонда корҳо дар ду баст бо фарогирии 16 нафар мутахассисони маҳаллӣ идома дорад.
Зимни сӯҳбат роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо масъулину мутахассисон сӯҳбат намуда, дастур доданд, ки корҳои боқимонда бояд бо сифати баланд ва тибқи лоиҳаи мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода шавад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб