Имрӯз дар доираи сафари кории роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр вохӯри бо гурӯҳҳои корӣ доир гардид.
Зимни баромад Назарзода Бахтиёр Худоёр раиси шаҳри Кӯлоб оид ба гурӯҳҳои корӣ ва фаъолияти онҳо мухтасар баромад намуда, изҳор дошт, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо ва консепсияҳо дар самти кор бо занон ба тасвиб расидааст, ки ин аз сиёсати бобарору муваффақонаи роҳбари давлатамон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби занону бонувони фаъол, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад. Мақсаду ҳадафи Гурӯҳҳои корӣ пеш аз ҳама аз наздик бо ҳаёту фаъолияти сокинони шаҳру деҳот шинос шудан ва корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳанги оиладорӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, муошират ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб марказҳои савдо, кӯчаву маҳаллаҳо ва тариқи усули хона ба хона ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб зимни суханронии худ иброз намуданд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамеша барои татбиқ намудани сиёсати кадрӣ аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таваҷҷӯҳи беандозаи худро равона карда истодаанд ва дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо бояд мо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон бо масъулият бошем.
Инчунин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи иҷтимоиёт Даминзода Арафамо Искандар оид ба фаъолияти ҳамарӯзаи Гурӯҳҳои корӣ мухтасар ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идома, роҳбари Гурӯҳи корӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим зимни вохӯрӣ бо гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби занону бонувони фаъоли тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ шомил мебошанд, шинос гардида, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ маслиҳадҳои муфид доданд. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки занону ҷавондухтарон корҳои тарғиботиро бештар намуда, вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла чакан ва атлас, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд, бояд ҳар як духтари тоҷик ин либосро ба бар кунад ва барои духтани он аз модарону чеварон истифода баранд.
Агар аз як ҷиҳат духти либосро аз худ намоянд, аз ҷиҳати дигар таҳаммулу зебоипарастии ҳар як ҷавондухтар нисбати Ватан, модар ва ояндаи худ равшан мегардад. Пас вазифаи аҳли ҷомеа дуруст дарк кардан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъалаҳо мебошад. Инчунин, масъулини Гурӯҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки дар вақти вохӯриҳо шахсони донишмандро низ даъват намоянд ва бо мардум аз наздик суҳбат карда, моҳият ва мақсади баргузории чунин вохӯриҳои судмандро расонанд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриашон бо фаъолон ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ доир гардида буд, тамоми масълаҳои мубрами рӯзро бо далелҳои мушаххас расониданд. Ин мулоқоти Пешвои муаззами миллатро мо бояд масъулон ба мардум аз наздик расонем ва ба зиёдарави роҳ надода, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят ва тарбия намоем.
Дар интиҳо, масъулин ҷиҳати тамоми он дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бонувон ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва хоҳанд монд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб