Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва нақшачорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сохта ба истифода додани иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин сангфарш ва мумфаршгардонии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маром идома доранд.

      Чунин иқдоми дастаҷамъона имрӯз бо ҷалби техникаҳо, кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр", Корхонаи воҳиди таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ корҳои таъмир ва мумфаршкунӣ доир гардид.

            Ёдовар мешавем, ки маҳаллаи ба номи Қурбон Зардак ба таъмир ва мумфаршкунӣ ниёз дошт, ки имрӯз аз ҷониби масъулин анҷом дода шуд.

          Чунин иқдомҳои дастаҷамъона ва созанда дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар оянда низ анҷом дода мешавад.

                                                                                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP