Имрӯз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва инчунин иҷроиши Пртоколи ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ки санаи 29 апрели соли 2024 бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва дигар намояндагон сурат гирифта буд, аз сойҳои якҷояшавии Ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ ва дигар мавзеъҳои осебпазир инчунин аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамунӣ ва тоза намудани маҷрои обҳои ҷоришаванда дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бо сифат анҷом додани он дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Зимни суҳбат бо масъулин изҳор доштанд, ки тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мавсими боришот идома дорад ва мо масъулин вазифадорем, ки ҳарчи зудтар корҳои тозакунӣ ва баровардани сангу шағал аз сойҳо корҳоро ҷоннок намоем.

            Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таваҷҷуҳашон ба шаҳри Кӯлоб зиёд аст ва ҳамавақт кӯмакҳои худро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар ҷойҳои хавфнок мерасонанд. Бояд мо тамоми захираҳои заруриро саривақт дар ҷойҳои даркорӣ истифода барем то ин, ки дар оянда ягон хавфу хатари офатҳои табиӣ сокинонро таҳдид накунад.

                                                                                                                                                                             Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP