Ҳамдиёрони гиромӣ,  

Яке аз санаҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистони мебошад, ин санаи 6 ноябри соли 1994-Рӯзи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он ба таҳкими равандҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ асос гузошт.

Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29- сол қабл дар як марҳилаи басо ҳассосу таърихӣ қабул гардид. Он ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.

Дар ин санади муқаддас ҳадафҳои асосии халқи тоҷик дар бунёди ҷомеаи озоду босаодат инъикос шудаанд. Ин бахтномаи миллат, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуда ба сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод гузошт.

Конститусияи Тоҷикистонӣ соҳибистиқлол баёнгари орзую ормони халқ буда, он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохтори ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд. Конститутсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайраҳо дод.

Ин ҳуқуқҳоро ҳар касс сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди диннӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ соҳиб мебошад.

Конститутсия заминаҳоро барои давлати наву, давлатдории нав ба вуҷуд оварда, чаҳорчубаи фаъолияти онҳоро низ муайян намуд.

Бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.

Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар кишвар усулҳои  муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, Конститутсияи мамлакати моро омухта, онро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини олам донистанд.

Ҷаноби Олӣ таъкид кардаанд, ки «Танҳо дар ҳамон ҷамъияте, ки ба сифати омили асосии муайянкунандаи ҳаёти худ волоияти муқаррароти Конститутсия, қонунҳо ва тартиботро медонанд, пешрафту тараққиётро таъмин кардан мумкин аст».

Имрӯзҳо мардуми соҳибватани Тоҷикистони азиз иқболи баланди хешро дар он мебинад, ки дар  ҷомеаи бо адолат умр ба сар мебаранду давлату Ҳукумат иқдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон, татбиқи фарогири Конститутсия амалӣ менамоянд.

Ҳозирини арҷманд имрӯз бо ифтихор гуфта метавонам, ки мардуми иродатманду меҳнадӯсти шаҳри Кӯлоби бостони бо меҳнати созандаву садоқати ватандӯстона сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатмадори арсаи сатҳи ҷаҳони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро минбаъд низ  ҷонибдориву дастгирӣ намуда дар амал содиқонаву поквиҷдонона хизмат менамоянд.

Дар партави ҳидоятҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу фаъолияти худро баҳри гиромидошти муқаддасоти миллӣ, эҳтироми волоият ва маърифати қонун равона месозанд.

Бори дигар бо эҳтиром ва самимияти хос ин санаи ба ҳар яки мову Шумо азизу муқаддас, 29 солагии қабули ин ҳуҷҷати тақдирсозро, Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо шодбош мегуям ва таманно мекунам, ки давлатамон ҳамеша ободу озод ва мардумаш хурраму пируз бошанд.

Зиндаву поянда бод Тоҷикистон азиз.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP