27 октябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шӯрои  кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳмудзода Руъё,  раисони Шӯрои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Саравал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо  суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд. Имрӯзҳо занон  дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки айни замон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти назаррас доранд.  Ҳамзамон ёдовар гардид, ки дар нумоҳи фаъолияти Шуъбаи кор бо занон ва оила як қатор корҳои назаррас бо иштироки аъзоёни Шӯро дар Ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб,ташкилоту муассисаҳо,муассисаҳои таълимӣ, кучаву маҳаллаҳои шаҳр ва бозору марказҳои савдо вохуриҳо оиди  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва дигар масъалаҳои мубрами руз суҳбату вохуриҳо бо тамоми қишри аҳоли гузаронида шуда инчунин дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда истодаанд.

 Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар  нумоҳи соли 2023 ҳисобот дода, таъкид дошт, ки имрӯзҳо  мардуми Тоҷикистон аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб, модарону бонувон дар як фазои сулҳу оромии кишвар зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кору фаъолият ва зиндагии шоиста доранд. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ҷирояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб, ки ҳар ҳафта дар маҷлисҳои назорати   дода мешавад мунтазам фаъолияти худро бо аъозоёни шӯрро мавриди барраси қарор медиҳад. Инчунин ёдовар гардид, ки дар замони соҳибистиқлоли  як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ  таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки ин шаҳодат аз дастгириҳои рузафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки тибқи дастур супоришҳои роҳбарияти шаҳр дар ҳамкори бо телевизиони Кӯлоб барномаи махсус зери  унвони “АФКОР”  ҳар ҳафта бо иштироки мутахассисони соҳаҳои гунонун доир гардида дар он нақши занон дар ҷомеа ва рисолати он дар таълиму тарбияи фарзанд  ва дигар мавзуҳои мубрами руз барраси гардида пешниҳоди бинанда гардонида мешавад, ки ин аз манфиат холи нест.  Дар идомаи ҷаласа  дигар баромадкунандагон оиди фаъолияти  шӯрро андешарони намуда иброз доштанд, ки мо занону модарон имруз бояд  шукрона аз он кунем, ки чунин як давлати соҳибистиқлол ва тинҷу ором  ва роҳбари хирадманду одил ва дурандеш дорем, ки ҳамеша дар ҳама баромадҳояшон такя ба занону модарон доранд. Пас мо фаъолзанонро мебояд, ки дар пешбурди сиёсати имрузаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносию худогоҳи ва ифтихори ватандори тарбия намоем, рисолати худро дар назди ҷомеа ва насли имрӯзи кишвар содиқонаву софдилона анҷом диҳем.

Дар кори Шӯро бобати пешгирии амалҳои номатлуб, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва  дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо ҳамин ҷаласаи шурои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо натиҷаҳои наззарас ҷамъбаст гардида, инчунин аъзоёни шӯро барои боз ҳам  беҳтар кардани фаъолияти  худ дастуру супоришҳо гирифтанд.

                                                                           

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP