23.02.2023. ш. Кӯлоб
Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунари рассомии рассомони шаҳри Кӯлоб боздид намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи ҳомиёни Ватан дар назди Лавҳаи ёдгории шаҳидони Ватан гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, афсарону сарбозон ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуд.
Иброз намуд, ки яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд. Бинобарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ба ҳайси Сардори давлат дар қатори аввалин санадҳо, санаи 18 декабри соли 1992 Қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расониданд. Он замон ҳарчанд кишварро вазъи печидаи ҳарби сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буду дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар ҳисороти хеле ҳам зиёде ворид ва барои таъсиси ниҳодҳои қудратӣ ягон заминаи моддӣ – техникӣ қариб вуҷуд надошт, Ҳукумати кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилот, аз сифр ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд. Зеро ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат мефармоянд «Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷҷаҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад».
Дар чорабинии имрӯза собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Демпанаев Аскаршо, баромад намуда ҳамагонро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамчунин яке аз сарбозони қисми низомӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот баромад карда , миннатдории тамоми сарбозонро ба Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Зимни чорабинӣ яке аз модарони сарбоз изҳори самимӣ тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозони шуҷову далери Ватанро ба ин муносибат табрик намуда дасти дуо бардоштанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулони Қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ба шароити хизматчиёни ҳарбӣ ва саҳми арзанда дар чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо Ордени “Муҳофизони сохти конститутсионӣ” дар Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозону афсарони қисми ҳарбии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Дар қисати дигари чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону хизматчиёни ҳарбӣ намуданд.
Дар идомаи қисмати фарҳангӣ сарбозони шуҷои Ватан машқҳои омоданамудаи ҷолиби низомиро пешкаши иштирокчиён гардониданд, ки хеле ҷолибу диққатҷалбкунанда баҳри иштирокчиён буд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб