Имрӯз ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат ҳамагонро табрику муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сулҳу суботи абадӣ ва дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту ободии минбаъдаи Тоҷикистони азиз комёбиву муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Чуноне, ки маълум аст, «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад». Дар ҳақиқат тафсири дуруст аст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ба ҳайси Сардори давлат дар қатори аввалин санадҳо, санаи 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид. Он замон ҳарчанд кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буду дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар хисороти хеле ҳам зиёд ворид ва барои таъсиси ниҳодҳои қудратӣ ягон заминаи моддӣ – техникӣ вуҷуд надошт, Ҳукумати кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилот, аз сифр ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд. Зеро ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат мефармоянд «Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад».
Ҳамин тариқ, санаи 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Инак 30 сол аст, ки ин ниҳоди пурқудрат ҳимояи марзу бум, таъмини якпорчагии меҳан, сулҳу субот, таҳкими қонуниятро ба души худ гирифта , ин вазифаҳои муқаддасро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст.
Мебояд тазаккур дод, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аввали таъсисёбӣ ба мустаҳкам намудани баззаи моддӣ-техникӣ, таҳкими инфрасохтори ҷузъу томҳои ҳарбӣ, таъмини қисмҳои ҳарбӣ бо кадрҳои болаёқат ва дигар эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти аввалиндараҷа медоданд. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила бо марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Айни замон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикитон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандуст яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Ҳайтаи шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар зарфи 30 сол борҳо собит намудаанд, ки таъминкунандаи амният, сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишваранд. Сардори давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба хизматҳо ва садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат баҳо дода, таъкид намудаанд, ки «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».
Аз ин хотир ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир бояд дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Азбаски Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, хизмат дар сафи онҳо низ бояд мояи ифтихори ҳар як фарди ин сарзамини биҳиштосо бошад. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиави он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Дар иртибот ба ин муқаррарот Пешвои муаззами миллат ҳам ишора кардаанд, ки «Адои хизмат дар сафи артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад».
Бо назардошти гуфтаҳои боло ва истифода аз фурсати муносиб ба ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб муроҷиат карда, даъват ба амал меорам, ки дар сафи пеши посбонони Ватан бошанд. Бо хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ собит созанд, ки давомдиҳандагони кору пайкор ва корнамоиҳои бемислу монанди аждодони қаҳрамони худ ҳастанд.
Дар охир, бори дигар ҳамаи Шумо мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоби бостониро ба муносибати 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо рӯзгори хуш, осмони соф, саодати оилавӣ ва дар ҳифзи Ватани аждодӣ комёбиҳои бузург таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP